We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.
Шоҳнома. Ҷилди 1. Қисми 2. biểu tượng

1.0 by AndroidTJ2


Sep 27, 2016

Giới thiệu về Шоҳнома. Ҷилди 1. Қисми 2.

Shoҳnoma. Ҷildi 1. Қismi 2.

АҲМУРАС

Подшоҳии Таҳмураси девбанд сӣ сол буд

Писар буд мар ўро яке ҳушманд,

Гаронмоя Таҳмураси девбанд.

Биёмад, ба тахти падар барнишаст,

Ба шоҳӣ камар бар миён - бар бубаст.

Ҳама мўбадонро зи лашкар бихонд,

Ба чарбӣ чӣ моя суханҳо биронд.

Чунин гуфт, к-«Имрўз ин тахту гоҳ

Маро зебаду тоҷу гурзу кулоҳ.

Ҷаҳон аз бадиҳо бишўям ба рой,

Пас он гаҳ кунам дар кеҳӣ гирд пой.

Зи ҳар ҷой кўтаҳ кунам дасти дев,

Ки ман буд хоҳам ҷаҳонро хидев.

Ҳар он чиз, к-андар ҷаҳон судманд,

Кунам ошкоро, кушоям зи банд».

Пас аз пушти мешу бара пашму мўй

Буриду ба риштан ниҳоданд рўй.

Ба кўшиш аз он кард пўшиш ба ой,

Ба густарданӣ ҳам буд ў раҳнамой.

Зи пўяндагон ҳар кӣ буд тезрав,

Хуриш кардашон2 сабзаву коҳу ҷав.

Раманда дадонро ҳама бингарид,

Сияҳгўшу юз аз миён баргузид.

Ба чора биёвардаш аз дашту кўҳ,

Ба банд омаданд, он ки буд з-он гурўҳ.

Зи мурғон ҳамон он ки буд нексоз,

Чу бозу чу шоҳини гарданфароз,

Биёварду омўхтаншон гирифт,

Ҷаҳоне бад-ў монд андар шигифт.

Бифармудашон, то навозанд гарм,

Нахонандашон ҷуз ба овози нарм,

Чу ин карда шуд, мокиёну хурўс

Куҷо бархурўшад гаҳи захми кўс,

Биёварду яксар чунон чун сазид,

Нуҳуфта ҳама судмандӣ гузид.

Чунин гуфт, к-«Инро ниёиш кунед,

Ҷаҳонофаринро ситоиш кунед.

Ки ў додамон бар дадон дастгоҳ,

Ситоиш мар ўро, ки бинмуд роҳ».

Мар ўро яке пок дастур буд,

Ки рояш зи кирдори бад дур буд.

Ханида ба ҳар ҷою Шедасп ном,

Назад ҷуз ба некӣ ба ҳар ҷой гом.

Ҳама рўз баста зи хўрдан ду лаб,

Ба пеши ҷаҳондор барпой шаб.

Ҳамон бар дили ҳар касе буда дўст,

Намози шабу рўза оини ўст.

Сари моя буд ахтари шоҳро

В-аз ў банд буд ҷони бадхоҳро.

Ҳама рохи некӣ намудӣ ба шоҳ,

Ҳам аз ростӣ хостӣ пойгоҳ,

Чунон шоҳ полуда гашт аз бадӣ,

Ки тобид з-ў фарраи эзадӣ.

Бирафт, Аҳриманро ба афсун бибаст,

Чу бар тезрав борагӣ барнишаст.

Замон то замон зин-ш барсохтї,

Ҳаме гирди гетиш бартохтӣ.

Чу девон бидиданд кирдори ў,

Кашиданд гардан зи гуфтори ў.

Шуданд анҷуман деви бисёрмар,

Ки пардахта монад аз ў тоҷи зар.

Чу Таҳмурас огаҳ шуд аз корашон,

Барошуфту бишкаст бозорашон.

Ба фарри ҷаҳондор басташ миён,

Ба гардан баровард гурзи гарон.

Ҳама наррадевону афсунгарон,

Бирафтанд ҷодусипоҳе гарон.

Даманда сияҳдевашон пешрав,

Ҳаме б-осмон баркашиданд ғав.

Ҳаво тирафому замин тира гашт,

Ду дида дар ў - андарун хира гашт.

Có gì mới trong phiên bản mới nhất 1.0

Last updated on Sep 27, 2016

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Đang tải bản dịch ...

Thông tin thêm Ứng dụng

Phiên bản mới nhất

Yêu cầu cập nhật Шоҳнома. Ҷилди 1. Қисми 2. 1.0

Yêu cầu Android

2.1 and up

Hiển thị nhiều hơn

Шоҳнома. Ҷилди 1. Қисми 2. Ảnh chụp màn hình

Đăng ký APKPure
Hãy là người đầu tiên có quyền truy cập vào bản phát hành, tin tức và hướng dẫn sớm của các trò chơi và ứng dụng Android tốt nhất.
Không, cám ơn
Đăng ký
Đăng ký thành công!
Bây giờ bạn đã đăng ký APKPure.
Đăng ký APKPure
Hãy là người đầu tiên có quyền truy cập vào bản phát hành, tin tức và hướng dẫn sớm của các trò chơi và ứng dụng Android tốt nhất.
Không, cám ơn
Đăng ký
Thành công!
Bây giờ bạn đã đăng ký nhận bản tin của chúng tôi.